| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • КОНФРОНСИ ТАРАФҲО 27
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Нашриёт

    Муассисаи маҷаллаи “Ҳифзи табиат” ва рӯзномаи “Инсон ва табиат”  (ММҲТ ва РИТ) 

    Муассисаи маҷаллаи “Ҳифзи табиат” ва рӯзномаи “Инсон ва табиат” аз моҳи августи соли 2011 дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Муассиса фаъолияти худро баҳри тарғибу ташвиқи сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси мушкилоти экологӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, баланд бардоштани донишҳои экологии ҷомеа, мусоидат намудан ба баланд гаштани сатҳи фарҳангу маърифатнокии аҳолӣ равона намудааст.

    Муассиса дар доираи амалӣ гаштани сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмиву донишкадаҳои олӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи миёнаи умумӣ ва дар маҷмуъ бо шаҳрвандон ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.

    Нашрияи “Инсон ва табиат” моҳе як маротиба бо теъдоди 1000-1200 нусха аз чоп мебарояд. Аз ин шумора зиёда аз 800 нусха ба обуначиён тавассути почтаи тоҷик расонда мешавад. Тахминан теъдоди 100-150, баъзан 200 нусхаи нашрияи “Инсон ва табиат” дар чорабиниҳои гуногуни муҳитзистӣ, семинару нишастҳо ба тариқи ройгон тақсим карда мешавад. “Ҳифзи табиат”- маҷаллаи илмӣ-оммавӣ буда, бо теъдоди 700 -1000 нусха дар се моҳ як маротиба чоп мешавад.

    Сардори муассиса Ҷамолиддин Яқубов ба сифати сармуҳаррири нашрияҳо маҳсуб меёбад. Дар саҳифаҳои нашрияҳои “Инсон ва табиат” ва “Ҳифзи табиат” ба ҷуз аз маводҳо доир ба фаъолияти Кумита, ҳамзамон матолиби олимону коршиносон, омӯзгорони донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёну аспирантон, магистрҳо марбут ба мавзуҳои муҳити зист ба табъ мерасанд. 

                                            

    Маҷаллаҳо