| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
    Ахбор

    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров                

    Б.Гафуров хаво.jpg

    Бо мақсади назорат ва кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсат дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

    Дар натиҷаи санҷиши 26 адад нақлиёти тамғаашон гуногун барои вайрон кардани меъёри стандартҳои давлатӣ ва барзиёд ихроҷ намудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера нисбати 3 нафар ронандаҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба шуъбаҳои БДА-и шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд.


    Бозгашт