| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • КОНФРОНСИ ТАРАФҲО 27
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






    Вазифаҳо ва функсияҳои бахш

    1. Амалӣ намудани ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти хориҷии Кумита.

    2. Таҳия ва омода сохтани барномаҳои давлатии инвеститсионӣ, грантҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист барои ҷалби хориҷӣ.

    3. Пешниҳод намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва нақшаҳои амалиёт дар соҳаи ҳифзи муҳити зист. Муайян намудани лоиҳаҳои афзалиятноки инвеститсионии соҳа ва ҳамоҳангсозии татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ.

    4. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷкистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори интихоби лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад, иштирок менамояд.

    5. Таҳияи пешниҳодҳо оиди мукаммал сохтани механизми ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳа ва ҷойгирсозиашон дар ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи онҳо.

    6. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ ва гуманитарии байналмилалӣ оиди сармоягузории сектори ҳифзи муҳити зист.

    7. Ташкил намудани кор дар доираи ҷалби сармояи мустақил бо ташкилотҳои иқтисодии байналмилалӣ, ширкату ташкилотҳои ғайридавлатии хориҷӣ.

    8. Иштироки якҷоя бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар таҳияи лоиҳаҳои санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ дар масъалаҳои фаъолияти иқтисодию хориҷӣ ва беҳтарсозии фазои инвеститсионӣ.

    9. Омода намудани маълумотҳои аналитикӣ оид ба инвеститсияи хориҷӣ дар соҳа.

    10. Омода ва таҳияи лоиҳаҳои Созишномаҳо мансуб ба соҳаи ҳифзи муҳити зист бо давлатҳои хориҷӣ.

    11. Таъмин намудани сиёсати стратегияи иқтисодию хориҷӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки аз шартнома ва созишномаҳои байналмилалӣи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бармеоянд.

    12. Иштирок дар кори комиссияҳои ҷумҳуриявӣ ва байниҳукуматӣ, конференсияҳо, конгрессҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва маҷлисҳо оид ба масъалаҳои фаъолияти иқтисодию хориҷӣ, созмон додани корхонаҳои муштарак, тайёр намудани (омӯзонидани) мутахассисон, инвеститсияи хориҷӣ, грантҳо ва кӯмакҳои техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.

    13. Амалӣ сохтани чорабиниҳои вобаста ба корҳои ташкилӣ оид ба қабули меҳмонони хориҷӣ (намояндагони корпуси дипломатӣ, институтҳои молиявии хориҷӣ, ташкилотҳои иқтисодии хориҷӣ, сармоягузорон ва дигар ширкатҳои хориҷӣ) дар Кумита. Тоҷикистон ба Конвенсияи Базел оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо» тасдиқ шудааст.